Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор медали наврасони тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои Осиё


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасон дар Ҳонконг чаҳор медал ба даст оварданд.

Гуштигирони тоҷик дар ҳаштумин мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасон дар Ҳонконг чаҳор медал – се нуқра ва як биринҷӣ - ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа 322 варзишгар аз 22 кишвар ширкат дошт.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, рӯзи 16-уми декабр хабар дод. Вай гуфт, «дар сабқати кадетҳо Темур Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кило бо медали нуқра ва Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни то 90 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд. Дар сабқати наврасон Аминҷон Ҷалолов дар вазни то 90 кило ва Санавбар Шанбиев дар вазни беш аз 90 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.”

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон ғолиб шуд. Дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Муғулистон дар ҷойҳои дувуму севум қарор гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон, ки танҳо аз ҳисоби писарон ташкил ёфта буд, мақоми 8-умро касб кард.

XS
SM
MD
LG