Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷагирӣ аз соли варзишии Тоҷикистон


Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки имрӯз, 16-уми декабр, дар шаҳри Душанбе барпо гардид, мавсими имсолаи варзишӣ натиҷагирӣ шуд.

Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи ин кумита барпо гардид, мавсими имсолаи варзишӣ натиҷагирӣ шуд. Дар ин ҷаласа зикр гардид, бузургтарин мусобиқоти имсола барои варзишгарони тоҷик Бозиҳои XVII осиёӣ маҳсуб мешуд, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли равон дар шаҳри Инчони Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуданд.

Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар бораи натоиҷи ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо иттилоъ дод. Вай гуфт, дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ 90 варзишгари тоҷик аз рӯи 16 намуд, ба монанди бокс, дзюдо, гуштини озод ва юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, картэдо, таэквондо ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат карда, 5 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар сабқати таэквондо ВТФ байни мардон Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кг, Алишер Гулов дар вазни + 87 кг ва миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни + 73 кг ба мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ оварданд.

Умуман, варзишгарони 37 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII осиёиро ба даст оварданд ва намояндагони 28 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шуданд. Тоҷикистон бо касби 5 медал дар байни 45 кишвар дар ҷойи 23-юм қарор гирифт.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин ҷаласа зикр намуд, ки “Бозиҳои XVII осиёӣ барои варзишгарони тоҷик имтиҳони ҷиддие буд пеш аз ширкат дар мусобиқоти интихобӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия. Намояндагони Тоҷикистонро ба ин бозиҳо Кумитаи миллии олимпии кишвар дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва федератсияҳои миллии варзишӣ сафарбар намуд. Мо аз натиҷаҳои ба даст овардаи варзишгаронамон дар Бозиҳои XVII осиёӣ қаноатмандем. Бояд тазаккур дод, ки шумораи медалҳои ба даст овардаи варзишгарони мо нисбат ба теъдоди медалҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин як адад беш аст, инчунин аз ҷиҳати сифати медалҳо низ натиҷаи мунтахаби кишвар дар Бозиҳои XVII осиёӣ беҳтар мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Инчон нисбат ба Бозиҳои Гуанҷоу дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо 5 зина боло шуд. Бояд гуфт, ки ин натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ аз соли 1994 то кунун мебошад.”

Дар ин ҷаласа Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, зимни суханрониаш таъкид намуд, ки “Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин федератсияҳои миллии варзишӣ бояд ҳарчи зудтар барномаи омодагиҳо ва ширкати варзишгарони тоҷикро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия таҳия намуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ассамблеяи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешниҳод намояд. “

Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин, рӯйхати 15 варзишгари беҳтарин барои гирифтани стипендия ё идрорпулии олимпӣ тасдиқ шуд. Дар ин рӯйхат варзишгарони номдор, ба мисли гурзандоз Дилшод Назаров, муштзан Мавзуна Чориева, гуштигирон Залимхон Юсупов, Комроншоҳи Устопириён, Искандари Рустам, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG