Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ бо Соиб Ареқот мулоқот мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 16-уми декабр бо Соиб Ареқот, музокиракунандаи аршади фаластиниён, дар шаҳри Лондон мулоқот мекунад. Ҷон Керрӣ дар ин гуфтӯгу саъй мекунад, раҳбарони фаластиниро моил намояд, ки дар пешниҳоди тарҳи қатъномае ба Созмони Милал шитоб накунанд. Дар ин тарҳ омадааст, ки Исроил бояд дар зарфи ду сол ишғоли сарзаминҳои фаластиниро хотима диҳад. Шоми 15-уми декабр Ҷон Керрӣ ҳангоми гуфтӯгу бо вазирони умури хориҷии Фаронсаву Бритониё ва Олмон, хостааст, ки тарҳи қатъномаро, ки ташаббускораш Фаронса аст, шарҳ диҳанд. Дар қатънома омадааст, ки Исроил бояд дар ду сол созишномаи сулҳро бо Фаластиниён имзо кунад, вале дар бораи ихроҷи нерӯҳои фаластинӣ аз сарзаминҳои ишғолӣ чизе гуфта нашудааст. Баъди мулоқот бо Ҷон Керрӣ дар шаҳри Рум дар рӯзи 15-уми декабр, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, ба дигарон иҷоза намедиҳад, барои музокироти сулҳ шарту шароите дикта кунанд, ки мумкин аст, амнияти Исроилро зери хатар мегузоранд.

XS
SM
MD
LG