Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия хатарноктарин ҷой барои журналистон будааст


Гузоришгарони Бидуни Марз гуфт, соли 2014 дар саросари ҷаҳон 66 хабарнигорро барои корашон куштаанд, ки назар ба соли 2013, 7 дар сад камтар аст. Аммо ба гуфтаи ин созмон сар буридани хабарнигорон дар Сурия намоёнгари он аст, ки чӣ хатарҳое ба ҷони журналистон ҳангоми инъикоси ҷангу муноқишаҳо, таҳдид мекунад. Гузоришгарони Бидуни Марз рӯзи 16-уми декабр бо нашри як гузорише гуфт, “Қатли ваҳшиёнаи хабарнигорон дар Сурия бо ҳадафи тарғибот, ки тамоми ҷаҳонро ваҳшатзада кард, бисёр кам дида шудааст.” Вале айни замон дар соли 2014 рабудани хабарнигорон 37 дар сад афзудааст. Аз ҷумла аз ҳисоби 199 ҳодисаи рабудани хабарнигорон 33-тои он дар Украина сурат гирифтааст. Ба гуфтаи Гузоришгарони Бидуни Марз, Сурия хатарноктарин ҷой барои журналистон аст ва Озарбойҷон “бузургтарин зиндон барои кормандони матбуот”, ки аз ҷумла Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори Радиои Озодӣ низ дар онҷо барои ду моҳ боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG