Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Марказии Русия қурби рублро боло бурд


Бонки Марказии Русия бо мақсади пешгирӣ аз беқурбшавии бошиддати рубли русӣ, мизони бозтамвилро аз 6,5 дар сад боло бурд ва ба 17 дар сад расонд. Дар баёнияи расмии бонк аз субҳи 16-уми декабр омадааст, ки “ҳадаф ин кор, камтар кардани хатари зиёди беқурбшавии рубл ва хатари таваррум” аст. Баъди боло бурдани мизони бозтамвил, қурби рубли русӣ бисёр боло рафт ва ҳоло як долларро бо 60 рубли русӣ иваз мекунанд. Рубл рӯзи 15-уми декабр тақрибан 10 дар сади арзиши худро дар як рӯз гум кард, ки баъди соли 1998 дида нашудааст. Дар ин рӯз як доллар баробари 64 рубл шуд. Поин омадани қурби рубл метавонад, обрӯи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро кам кунад, ки дар 15 соли ҳукуматаш худро кафили амният дар Русия нишон додааст. Поин омадани қимати нафт ва таҳримоти Амрикову Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Русия барои амалкардҳояш дар Украина сабаби поин омадани қурби рубл шуд.

XS
SM
MD
LG