Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёти раҳоии гаравгонҳо дар Сидней ду нафар кушта шуд


Дар амалиёти озодкунии гаравгонҳо дар як қаҳвахонаи шаҳри Сиднеи Австралия ду нафар кушта ва се каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора шабакаи СNN бо такя ба телевизиони Австралия хабар додааст. Боз ҳафт нафари дигар қаҳвахонаро тарк намуданд.

Дар бораи он ки дар ин ҳамла киҳо кушта шудаанд, иттилоъ дода нашудааст.

Аз ин пеш полиси Австралия ному насаби шахси гаравгонгир дар шаҳри Сиднейро эълон кард – ӯ рӯҳонии аз Эрон фироркарда Ҳорун Мунис будааст. Хабаргузории Рейтер бо такя ба иттилои полис навиштааст, ки Мунис қаблан барои талоши таҷовуз ба номус боздошт ва бо пардохти гаравпулӣ раҳо шуда буд. Ҳамчунин ӯро дар фиристодани номаҳо ба хонаводаҳои низомиён аз Австралия, ки дар ҷангҳо дар хориҷи кишвар кушта шудаанд, айбдор карда буданд.

Ҳорун Мунис рӯзи 15 декабр чандин нафарро дар як қаҳвахонаи шаҳри Сиднейи Австралия гаравгон гирифт. Ҳафт соат баъд аз шурӯи ҳодиса се нафар ва сипас ду нафари дигар қаҳвахонаро тарк намуданд.

XS
SM
MD
LG