Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии фирории эронӣ дар гаравгонгирӣ дар Сидней айбдор мешавад


Ҳарон Мунис
Ҳарон Мунис

Полиси Австралия ному насаби шахси гаравгонгирро эълон кард – гуфта мешавад, ки ӯ рӯҳонии аз Эрон фироркарда Ҳарон Мунис аст. Хабаргузории Рейтер бо такя ба иттилои полис навиштааст, киМунис қаблан барои талоши таҷовуз ба номус боздошт ва бо пардохти гаравпулӣ раҳо шуда буд. Ҳамчунин ӯро дар фиристодани номаҳо ба хонаводаҳои низомиён аз Австралия, ки дар ҷангҳо дар хориҷи кишвар кушта шудаанд, айбдор карда буданд.

Ҳарон Мунис талаб кардааст, ки фақат баъд аз мулоқот бо нахуствазири Австралия Тони Эббот гаравгонҳоро раҳо мекунад.

Ҳарон Мунис рӯзи 15 декабр чандин нафарро дар як қаҳвахонаи шаҳри Сиднейи Австралия гаравгон гирифт. Ҳафт соат баъд аз шурӯи ҳодиса се нафар ва сипас ду нафари дигар қаҳвахонаро тарк намуданд.

Ба гуфтаи мақомоти полис, гуфтушунид бо афроди гаравгонгир идома дорад. Кормандони полис майдони Мартин Плейс дар маркази тиҷоратии Сиднейро, ки қаҳвахона он ҷо ҷойгир шудааст, муҳосира кардаанд.

XS
SM
MD
LG