Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро дар даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 бо мунтахаби Яман анҷом медиҳад.

Тақвими бозиҳои даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи «D» тасдиқ шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” 27-уми март бо мунтахаби ҷавонони Яман, 29-март бо Имороти Муттаҳидаи Араб ва 31-уми март бо Шри-Ланка рақобат мекунад. Бозиҳои сабқати интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 27-ум то 31-уми марти соли оянда баргузор мешавад. Вале макони баргузории сабқати гурӯҳи «D” то ҳоло маълум нашудааст.

Дар марҳилаи интихобӣ 43 даста ширкат меварзад. Дастаҳо ба ду минтақа тақсим шудаанд. Ба минтақаи ғарбӣ 23 даста дохил аст: Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Урдун, Кувайт, Қирғизистон, Лубнон, Молдив, Непал, Умон, Покистон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Шри-Ланка, Сурия, Тоҷикистон, Туркманистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Узбакистон ва Яман.

Ба минтақаи шарқӣ 20 даста шомил аст: Австралия, Бруней, Камбоҷа, Чин, Тайван, Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Индонезия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Лаос, Макао, Малайзия, Муғулистон, Мянмар, Филиппин, Сингапур, Тайланд, Тимори Шарқӣ ва Ветнам.

Ба иттилои AFC барои баргузории марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 чаҳор кишвар - Эрон, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Узбакистон муддаӣ буданд. Мизбони сабқати қитъавӣ 30-юми ноябр дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи AFC маълум шуд. Ин Қатар мебошад, ки мунтахаби ҷавонони ин кишвар аз мусобиқаи интихобӣ озод аст.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни ҷавонон мусобиқаи интихобӣ барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, маҳсуб меёбад. Ҷоизадорони қаҳрамонии ҷавонони Осиё ба Олимпиадаи соли 2016 роҳхат мегиранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-23). Сабқати интихобӣ

Гурӯҳи «D»: ИМА, Яман, Тоҷикистон, Шри-Ланка.

Даври 1-ум

27 март (ҷумъа)

ИМА – Шри-Ланка

Яман – Тоҷикистон

Даври 2-юм

29 март (якшанбе)

Тоҷикистон – ИМА

Шри-Ланка – Яман

Даври 3-юм

31 март (сешанбе)

Тоҷикистон – Шри-Ланка

ИМА – Яман

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2016 (U-23):

Гурӯҳи «А»: Ироқ, Умон, Баҳрайн, Лубнон, Молдив.

Гурӯҳи «В»: Урдун, Кувайт, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон.

Гурӯҳи «С»: Арабистони Саудӣ, Эрон, Непал, Фаластин, Афғонистон.

Гурӯҳи “D”: ИМА, Яман, Тоҷикистон, Бангладеш

Гурӯҳи «E»: Сурия, Узбакистон, Ҳиндустон, Бангладеш.

Гурӯҳи «F»: Австралия, Мянмар, Ҳонконг, Тайван.

Гурӯҳи «G»: Кореяи Шимолӣ, Тайланд, Камбоҷа, Филиппин.

Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия, Тимори Шарқӣ, Бруней.

Гурӯҳи «I»: Ҷопон, Малайзия, Ветнам, Макао.

Гурӯҳи «J»: Чин, Лаос, Сингапур, Муғулистон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG