Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеагузориҳо ба вакилони анҷумани ҲНИТ


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони пулис дар бархе манотиқи кишвар ба вакилони ин ҳизб, ки роҳии Душанбе барои ширкат дар анҷумани қабл аз интихоботии ин ҳизб буданд, монеа эҷод кардаанд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 15 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор вакили анҷуман, ки ба Душанбе меомаданд, дар назди пули ноҳия манъ карда шуда, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурда шудаанд. Оқои Файзраҳмонов афзуд, ки онҳоро пас аз пурсуҷӯ дубора ба ноҳияи баргардонидаанд ва пас аз тамоси онҳо ба мақомоти пулис, Худойдодов Ҷамшед, сардори шуъбаи корҳои дохилии Ҷиргатол ба раҳбарияти ҲНИТ гуфтааст, ки “мо бо онҳо як-ду гап дорем ва баъдан онҳоро ҷавоб медиҳем.” Ба гуфтаи ин манбаъ, онҳоро танҳо баъд аз чаҳор соат раҳо кардаанд.

Ҷаноби Файзраҳмон ҳамчунин гуфт, ки рӯзи гузашта раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Ашт Шавкат Муҳаммадиев ҳамроҳи 7 нафар вакили анҷуман -- се нафар зан ва чаҳор мард дар Душанбе аз сӯи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳудуди як соат нигоҳ дошта шудаанд ва танҳо пас аз мусоидати роҳбарияти ҳизб, онҳоро раҳо карданд. Як намояндаи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дирӯз ин афродро воқеан ба шӯъба оварда буданд, вале на барои пурсуҷӯ, балки ҳувияташонро маълум карда ба қайд гирифтанд ва сипас раҳо намуданд.

Қарор аст Анҷумани қабл аз интихоботии ҲНИТ соати 9:00-и рӯзи 16 декабр дар қароргоҳи марказии ин ҳизб дар Душанбе доир шавад. Интизор меравад ин ҳизб феҳрасти номздаҳои худ ба интихоботи Маҷлиси намояндагонро эълон намояд.

XS
SM
MD
LG