Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситезаҷӯён яке аз пойгоҳҳои калидии артиши Сурияро ишғол карданд


Мусаллаҳони исломгаро баъд аз ду рӯзи даргириҳои шадид яке аз пойгоҳи низомии калидии артиши Сурия дар вилояти Идлибро таҳти назорат қарор доданд.

Созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, хабар дод, ки мусаллаҳони “Ал-Қоида”, “Ҷабҳаи Ал-Нусра” ва дигар гурӯҳҳо рӯзи 15 декабр дар пойгоҳи низомии Водӣ Дейф мустақар шуданд. Дар задухӯрдҳои рӯзи якшанбе барои ин пойгоҳ, ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, дасти кам 15 сарбози ҳукуматӣ ва 8 тан ситезаҷӯён ба ҳалокат расиданд.

Даргириҳо барои пойгоҳи Водӣ Дейф, ки дар канори шоҳроҳи Димишқ-Ҳалаб ҷойгир шуда, аз ҷиҳати стратегӣ басо муҳим маҳсуб мешавад, беш аз ду сол боз идома доштанд.

Бар асари ҷанг дар Сурия аз баҳори соли 2011 ба ин сӯ беш аз 200 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG