Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Евгений Евтушенко дар бемористони Ростови соҳили Дон бистарӣ шуд


Евгений Евтушенко, шоири маъруфи рус, дар як бемористони шаҳри Ростони соҳили Дон бистарӣ шуд. Бар пояи хабарҳо, шоир дар ҳаммоми меҳмонхона лағжид ва сараш осеб дид. Ба иттилои табибон, ба шоир ёрии зарурӣ расонида мешавад.

Қарор аст, ки табибони Пажуҳишгоҳи нейрохирургияи Маскав ба номи академик Бурденко ба Ростови соҳили Дон рафта, шоирро муоина кунанд ва дар сурати зарурат ӯро ба Маскав интиқол диҳанд.

Евгений Евтушенко дар шаҳри Ростови соҳили шаби эҷодии худро дар чаҳорчӯби тарҳи ЮНЕСКО "Фарҳанги бидуни марз” доир кард. Шоири маъруфи рус аз соли 1991 ба ин сӯ ба таври доимӣ дар ИМА ба сар мебарад ва ба донишҷӯёни донишгоҳи Талсии аёлати Оклахома ва дигар мактабҳои олии Амрико дар бораи назми рус ва синамои Аврупо дарс мегӯяд.

Евтушенко – барандаи чандин ҷоизаи бонуфуз дар бахши адабиёт, аз ҷумла, ҷоизаҳои давлатии Иттиҳоди шӯравӣ ва Русия аст.

XS
SM
MD
LG