Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқод аз ҳамла ба "Кумитаи алайҳи шиканҷа" дар Чеченистон


Рамазон Қодиров

Рамазон Қодиров

Созмонҳои байнулмилалии Amnesty International ё Афви Байнулмилал ва Human Rights Watch аз мақомоти Русия даъват карданд, ки пеши роҳитаъқибу тарсонидани ҳомиёни ҳуқуқи башари Чеченистонро бигиранд.

Шоми 13 декабр дафтари созмони “Кумитаи алйҳи шиканҷа” дар шаҳри Грозний оташ зада шуд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар аз ин созмон, афроди шинос рӯзи шанбе онҳоро то ба оташ кашидани дафтари “Кумита алайҳи шиканҷа” таъқиб карданд, афроди ниқобпӯш бошад, ба онҳо таҳдид куштан намуданд.

Анна Нейстат, раиси бахши пажуҳишҳои Amnesty International рӯзи 15 декабр гуфт, ки “ин амал идомаи саркӯбсозии озодии баён дар минтақа аст. Ба назар мерасад, ки раҳбари Чеечнистон Рамазон Қодиров маъракаи хусусӣ алайҳи созмони “Кумитаи алайҳи шиканҷа” ва раҳбари он Игор Каляпинро роҳандозӣ кардааст”.

Раҳбари намояндагии созмони дидбони ҳуқуи башар Human Rights Watch Татьяна Локшина дар саҳифааш дар "Фейсбук" ҳадс зад, ки мақомоти Чеченистон шояд тасмими аз кишвар ихроҷ кардани кормандони “Кумитаи алайҳи шиканҷа”-ро гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG