Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ашраф Ғанӣ: "Ҳамлаҳои "Толибон" ғайриисломӣ ва ғайрибашариянд"


Ашраф Ғанӣ ҳамоҳанг набудани фаъолияти сохторҳои қудратии кишварро таҳдид ба амнияти Афғонистон хонд.

Дар мулоқот бо генералҳову афсарони воломақоми артиш дар шаҳри Кобул рӯзи якшанбе сарвари Афғонистон аз афзоиши ҳамлаҳои интиҳорӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ кард ва аз сохторҳои қудратӣ барои ҳамоҳанг набудани фаъолияташаон интиқод кард. Ашраф Ғанӣ гуфт, ки “зарфият мавҷуд аст, аммо ҳамоҳангӣ нест, ҳамоҳангӣ на дар сатҳи артиш вуҷуд дорад, на дар сатҳи артишу вазорати умури дохила, на байни артишу вазорати дохилаву амнияти миллӣ”.

Сарвари Афғонистон ҳамчунин изҳор намуд, ки ба хотири таъмини ҳамоҳангии бештари ниҳодҳои қудратӣ дар шаҳри Кобул як гарнизони нав таъсис мешавад. Ба гуфтаи ӯ, барои таъмини амнияти беҳтар артиш ба ҷойи барномаҳои яксола бояд нақшаҳои дарозмуддати панҷсоларо таҳия кунад.

Рӯзи 14 декабр Ашраф Ғанӣ дар як мусоҳибаи телевизионӣ ҳам гуфт, ки “мо ҳеҷ вақт таслим нахоҳем шуд” ва аз сиёсатмадорону рӯҳониён ва раҳбарони қабилаҳо хост, ки ҳамлаҳои терроистиро маҳкум кунанд. Ашраф Ғанӣ бо садои баланд гуфт: “кофист, бас аст”. Ӯ ин мавҷи хушунатҳоро аъмоли “ғайриисломӣ ва ғайрибашарӣ” арзёбӣ кард. Сӯҳбати телевизонии раҳбари Афғонистон - вокуниш ба ҳамлаҳои густурдаи як рӯз пеши "Толибон" ба Кобул ва дигар манотиқи кишвар буд.

Мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” дар арафаи хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон ҳамлааҳои густурда дар саросари кишварро оғоз кардаанд. Дар ҳамлаҳои рӯзи шанбеи онҳо 19 нафар, аз ҷумла, Атиқуллоҳ Рауфӣ, як корманди масъули Додгоҳи Олии Афғонистон, ба ҳалокат расид. Дувоздаҳ узви як гурӯҳи минарӯб дар наздикии пойгоҳи низомии пешини Бритониё дар вилояти Ҳилманд кушта шудаанд. Афроди моторсиклсавор ба тарафи аъзои ин тим тирандозӣ кардаанд. Як сухангӯи пулис гуфтааст, ки нерӯҳои амниятии афғон дар ҷараёнти таъқиби ин афрод тавонистаанд, ки чаҳор нафари онҳоро кушта ва се нафари дигарро дастгир кунанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳамон рӯз ду сарбози амрикоӣ дар ҳамлаи толибон ба корвони мошинҳои НАТО дар наздикии пойгоҳи низомии Багром дар шимоли Кобул кушта шуданд.

Қарор аст, ки баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон тақрибан 12 500 афсару сарбози асосан амрикоӣ боқӣ бимонанд. Онҳо ба тамрини пулис ва артиши Афғонистон машғул хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG