Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши қурби рубли русӣ дар баробари доллар ва евро идома дорад. Дар ҷараёни хариду фурӯш дар Биржаи саҳҳоми Маскав рӯзи 15 декабр қурби як доллар ба беша аз 58 рубл расид. Қиммати як евро то 72,5 рубл боло рафт ёфт. Ба гуфтаи мутахассисон. шурӯъ аз моҳи январ рубли русӣ беш аз 41 дар сади арзиши худро аз даст додааст.

Пойинрафти қурби рубл ва аз рушд бозмондани иқтисодии Русия бо таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав ва коҳиши қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ рабт дода мешавад.

Таҳримҳои Ғарб – вокуниш ба дахолати Русия ба умури Украина ва мадад ба ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG