Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушунид бо гаравгонгирҳо дар Сидней идома дорад


Афроди мусаллаҳи ношинос рӯзи 15 декабр чанд нафарро дар як қаҳвахонаи шаҳри Сиднейи Австралия гаравгон гирифтанд. Теъдоди одамони гаравгонуфтода ҳанӯз маълум нест. Дар наворҳои телевизионӣ аз тирезаи қаҳвахона дасти кам се нафар бо дастҳои боло намудоранд. Ҳамчунин як парчами сиёҳ бо ҳарфҳои арабӣ ҳам ба чашм мерасад.

Шоҳидон мегӯянд, ки садоҳои монанд ба тирро шуниданд. Дар бораи осебдидагон дар ин ҳамла то ҳол иттилое нарасидааст.

Ҳафт соат баъд аз шурӯи ҳодиса се нафар қаҳвахонаро тарк намуданд. Баъд аз чанд муддат ду зани дигар аз қаҳвахона берун шуданд.

Нахуствазири Австралия Тони Эббот гуфт, ки ин ҳодиса ангезаи сиёсӣ дорад,. Ба гуфтаи комиссари полиси минтақа Эндрю Сипионе, шояд гап сари амали террортсӣх меравад. Масъулини полис гуфтушунид бо афроди гаравгонгирро идома медиҳанд.

Кормандони полис майдони Мартин Плейс дар маркази тиҷоратии Сиднейро, ки қаҳвахона он ҷо ҷойгир шудааст, печонида гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG