Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматуллоҳ Зоиров дар Маскав бо муҳоҷирон мулоқот кардааст


Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар остонаи баргузории анҷумани ҳизбаш ба муносибати интихоботи Маҷлиси намояндагон ба Маскав сафар намуда, бо муҳоҷирони тоҷик ва вакилони Думаи Русия, ҳамчунин бо намояндагони дастгоҳи ҳизби “Единная Россия” мулоқот кардааст. Раҳматулло Зоиров рӯзи 15 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тайи як ҳафта дар Маскав, вилоятҳои Маскав ва Твер ва навоҳии атрофи он буд ва бо муҳоҷирини тоҷик дар мавриди омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагон сӯҳбату мулоқотҳо доштааст. Зоиров афзуд, муҳоҷироне, ки дур аз се ҳавзаи таъинкардаи КМИР қарор доранд, шикоят доштанд, ки имкони молии дар рӯзи баргузории интихобот омадан ба нуқтаҳои раъйро надоранд. Ба гуфтаи оқои Зоиров, аксари муҳоҷирон бо таассуф гуфтаанд, ки ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо нақз шудааст ва имкони ширкат дар интихоботро надоранд. Вай афзуд, дар Маскав бо бархе аз вакилони Думаи Русия, ҳамчунин бо намояндагони дастгоҳи ҳизби “Единная Россия” мулоқот кардааст ва зарурати муфассал дар ин бора сӯҳбатро карданро намебинад. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳафтаи ҷорӣ анҷумани худро баргузор хоҳад мекунад ва қарор аст феҳрасти номзадҳои худ ба интихоботи Маҷлиси намояндагонро эълон намояд.

XS
SM
MD
LG