Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон ва Чин қарордоди 14 миллиард долларӣ имзо карданд


Лӣ Кекянг

Лӣ Кекянг

14 декабр нахуствазирони Қазоқистон ва Чин дар Остона мулоқот ва ба арзиши 14 миллиард доллар қарордодҳои нав имзо карданд. Карим Масимов-нахуствазири қазоқ ва Лӣ Кекянг-ҳамтои чинии вай дар маросими имзои 30 санади дигари ҳамкорӣ ҳузур доштанд.

Тибқи яке аз санадҳои муҳими имзошуда Чин барои тавлиди поташ-яке аз моддаҳои кимиёӣ дар Қазоқистон 3,8 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.

Қарордодҳои дигар ба рушди муштараки корхонаҳои тавлиди барқи ҳароратӣ ва таҷдиди таҷҳизот иртибот дорад, ки барои содир кардани нируи барқ ба Чин замина фароҳам меорад. Ба ин қарордодҳо ҳамчунин тавлиди мушатараки сӯхти атомӣ ва кор дар конҳои уран дохил мешавад.

Қазоқистон яке аз тавлидкунандагони пешгоми урани дар ҷаҳон аст ва ҳамчун бахше аз созишномаҳои пешина ба Чин уран содир мекунад. Чин 22 реактори ҳастаии амалкунанда дорад ва боз 26 реактори дигарро месозад.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ бо Ли мулоқот кард ва аз густариши ҳамкориҳои ду кишвар ситоиш намуд.

Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов пештар бо Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия низ мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ба ҷуз аз масъалаҳои дигар масъалаи оғози фаъолияти Иттиҳодияи АвруОсиё баррасӣ шуд. Медведев ба аҳамияти нафт таъкид кард, чун ду кишвари Русия ва Қазоқистон аз содиркунандагони бузурги нафтанд ва гуфт, "рӯйдодҳое, ки дар бозори нафт иттифоқ меафтанд, ҳатман ба вазъи иқтисодӣ таъсиргузор хоҳанд буд."

Масимов дар дидор бо Медведев ёдрас шуд, ки кишвараш хостори мизбонии Бозиҳои Олимпии зимистона аст ва барои ин ба машварату маслиҳати Русия, ки аввали имсол чунин нақшро бозидааст, ниёз дорад.

Медведев ва раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ рӯзи 14-уми декабр мулоқот доштанд ва дар он дурнамои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро баррасӣ карданд, ки рӯзи 1-уми январи соли 2015 расман оғоз ба кор мекунад. Алҳол ба ғайр аз Русия ва Қазоқистон ҳамчунин Арманистон ва Беларус ба узвияти он пазируфта шудаанд. Интизор меравад, ки ҳафтаҳои наздик Қирғизистон низ ба он шарик хоҳад шуд.

Назарбоев аз вазъи тиҷорат дар байни кишварҳои узви ин иттиҳод изҳори қаноатмандӣ ва эътимод кард. Президенти қазоқ гуфт, амалан ҳарчанд гардиши мол байни ин кишварҳро аз лиҳози пул коҳиш ёфтааст, аз лиҳози ҳаҷм рӯ ба афзоиш дорад.

Медведев ва Ли дар остонаи нишасти сарони ҳукуматҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки 15-уми декабр баргузор мешавад, вориди Қазоқистон шудааст. Чин, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви ин созмонанд.

XS
SM
MD
LG