Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони давлати Озарбойҷон раҳпаймоӣ анҷом доданд


Раҳпаймоии ҳизби Мусовот дар Боку

Раҳпаймоии ҳизби Мусовот дар Боку

Фаъолони нируҳои мухолифони Озарбойҷон ва ҷонибдорони онҳо 14 декабр дар раҳпаймоие дар Боку аз ҳукумати ин кишвар хостаанд, ки зиндониёни сиёсиро раҳо кунанд ва ба фишор хотима диҳанд.

Тақрибан 1 500 нафар дар ин раҳпаймоии қонунӣ ширкат доштанд. Раҳпаймоиро ҳизби Мусовот ташкил кард ва он дар варзишгоҳи Маҳсул дар канори шаҳри Боку баргузор шуд.

Исо Қамбар-раҳбари ҳизби Мусовот гуфт, агар Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури кишвар ба зудӣ зиндониёни сиёсиро раҳо накунад, онҳо аз маҳофили байналмиллалӣ хоҳанд хост, то Бозиҳои тобистонаи аврупоӣ дар Бокуро бойкот кунанд. Ин бозиҳо тобистони соли оянда баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG