Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 14 декабр ҳаракати қаторҳои Русия ба Тоҷикистон қатъ мешавад


Аз 14 декабр ҳаракати каторҳои роҳи оҳани Русия ба Озарбойҷону Украина ва Қазоқистону Тоҷикистон қатъ мешавад. Тасмими Роҳи Оҳани Русия аз рӯзи якшанбе эътибор пайдо мекунад. Дар ин бора матбуоти Русия хабар додааст.

Пештар намояндаи Роҳи Оҳани Русия хабар дода буд, ки ин тасмим баъд аз ворид овардани тағирот дар ҷадвали ҳаракати қаторҳо барои солҳои 2014-2015 гирифта шудааст ва сабаби он ҷуброн нашудани махориҷи ҳаракати қатор ба ин ҷумҳуриҳо мебошад.

Вале ин тасмим ба ҳаракати қаторҳо ба Беларусу Узбакистон ва Молдоваву Абхозистон дахл надорад.

Он гуна, ки пешбинӣ шудааст, тасмим дар бораи қатъи ҳаракати қаторҳо то 12 декабри соли 2015 эътибор хоҳад дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG