Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ ҳамлаҳои террористиро маҳкум кард


Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон мавҷи ҳамлаҳои ахири тундгароён дар кишварашро маҳкум кард. Дар ҳоле ки нируҳои байналмиллалии зери фармондеҳии Амрико бозгашти худ аз Афғонистонро идома медиҳанд, тундравҳо ҳамлаҳои худро бештар кардаанд.

14 декабр Ашраф Ғанӣ зимни суханони худ аз телевизион гуфт, “мо ҳеҷ вақт таслим нахоҳем шуд”. Вай ҳамчунин аз сиёсатмадорону рӯҳониён ва раҳбарони қабилаҳо хост, ки ин ҳамлаҳоро маҳкум кунанд.

Ашраф Ғанӣ бо садои баланд гуфт: “кофист, бас аст”. Вай ин мавҷи хушунатҳоро аъмоли “ғайриисломӣ ва ғайрибашарӣ” арзёбӣ кард.

Ин суханронии раиси ҷумҳур ду ҳафта пеш аз хуруҷи тақрибан ҳамаи нируҳои муҳорибавии байналмиллалӣ аз Афғонистон садо дод.

Афроди мусаллаҳи Толибон дар саросари кишвар ҳамлаҳои худро оғоз кардаанд. Дар ҳамлаҳои онҳо 13 декабр 19 нафар ба қатл расиданд. Дар миёни онҳо як корманди боломақоми Додгоҳи Олии Афғонистон низ ҳаст.

Қарор аст баъд аз 31 декабр тақрибан 12 500 нафар нируҳои аслан Амрико дар Афғонистон боқӣ бимонанд. Онҳо пулис ва артиши ин кишварро машқ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG