Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар музокироти СММ коҳиши газҳои гулхонаиро баррасӣ мекунанд


Дар музокироти СММ роҷеъ ба иқлими сайёра созише ба амал омад, ки бояд дар бораи шарту шароити коҳиши газҳои гулхонаӣ мувофиқатномае таҳия шавад. Ин газҳои гулхонаӣ метавонанд сабаби тағири иқлим дар сайёра шаванд.

Намояндагони тақрибан 190 кишвар дар музокироти дуҳафтаина дар шаҳри Лимаи Перу барои ду рӯзи дигар музокироти худро тамдид карданд, то дар бораи маълумоте, ки бояд ба кишварҳо фиристода шавад ба тавофуқ расанд. Интизор меравад, ки мувофиқатномаи сартосарии иқлимсоли оянда дар Пориси Фаронса қабул карда шавад.

Мануэл Пулгар-вазири муҳити зисти Перу, ки раёсати мухокироти Перуро бар уҳда дорад, мегӯяд, ки ин мувофиқатномаи «такмилшуда нест», валемавзеъгирии ҳамаи кишварҳои ширкаткунадаи мухокирот дар он дарҷ ёфтааст.

Бино ба гузоришҳои илмӣ, сатҳи об дар баҳрҳо боло меравад, мавҷҳои гарм бештар мешаванд ва чунин вазъ боиси тағири иқлим ва ҷорӣ шудани селобҳо дар баъзе минтақаҳо хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG