Пайвандҳои дастрасӣ

Аз бархурд бо ҳавопаймои ҷосуси Русия пешгирӣ карданд


Петер Ҳултквист-вазири дифои Шветсия мегӯяд, ҳавопаймое, ки наздик буд бо ҳавопаймои мусофирбар дар осмони Шветсия бархурд кунад, ба нируҳои низомии Русия тааллуқ дорад. Вай гуфтааст, “ин ҷо сухан дар бораи ҳавопаймои ҷосусии Русия дар миён аст. Мо онро бо кӯмаки ҳавопаймоҳои шикории Шветсия маълум кардем. Ин кори ҷиддӣ ва хатарнок аст”.

Дар ин бора Сергей Ҷониён-хабарнигори Радиои Озодӣ дар кишварҳои скандинавӣ гузориш додааст.

Пештар хабаре пахш шуд, ки дар осмони Шветсия як ҳавопаймои низомии хориҷӣ наздик будааст ба ҳавопаймои мусофирбар бархурад. Ин ҳавопаймои мусофирбари ширкати SAS- Ҳолланд аз фурудгоҳи Копенгаген ба ҳаво бархост ва дар ҳамин вақт хадамоти назорат ҳавопаймоеро дар ҷануби шаҳри Малмиё мушоҳида кардаанд ва ҳавопаймоҳои шикории Шветсиявву Ҳолланд ба ҳаво бархостанд.

Даниел Йозефсон-корманди бахши муҳорибавӣ дар шаҳри Лулеои Шветсия гуфт, ки “ҳавопаймои низомии хориҷӣ дастгоҳҳои ташхиси худро хомӯш карда буд, вале мо бо истифода аз дастгоҳҳои радоилакатсионии худ онро пайдо кардем ва ба парвозҳои ғайринизомӣ дар Малмиё хабар додем. Якбора ҳавопаймои низомӣ ба ақиб баргашт ва ман фаҳмидам, ки баъд аз як дақиқа он дар масири парвози ҳавопаймои мусофирбар қарор мегирад”.

Бино ба гуфтаи Йозефсон, вай билофосила ба ҳамкорони худ дар Малмиё хабар додааст ва онҳо ҳавопаймои мусофипрбарро аз хати парвоз баргардонидаанд ва бад-ин тариқ аз фоҷеа пешгирӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG