Пайвандҳои дастрасӣ

14 декабр Ҷон Керрӣ ва Лавров дар Рум мулоқот мекунанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти расмии Вашингтону Маскав мегӯянд, ки Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров-вазирони корҳои хориҷаи Амрикову Русия ба нақша гирифтаанд, ки 14 декабр дар Рум мулоқот ва муноқишаҳои шарқи Украинаро баррасӣ кунанд.

Сергей Рябков-муовини вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, ки мумкин аст Лавров нигарониҳои Маскавро аз қонуне, ки дар Конгресси Амрико ба тасвиб расид, матраҳ кунад. Ин қонун “Санади ҳимоят аз озодиҳои Украина” ном дорад.

Ин қонунро бояд Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико имзо кунад, то он эътибори қонунӣ бигирад. Агар он имзо шавад, дар он сурат таҳримҳои зидди Русия шадидтар мешавад ва заминаи қонунии кӯмакҳои Амрико ба Киев барои мубориза бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия бештар хоҳад шуд. Рябков гуфт, дар он сурат Маскав даст ба иқдомоти ҷавобӣ хоҳад зад.

Намояндагони порламони Украина аз ин санад ба унвони “санади таърихӣ” ҷонибдорӣ карданд.

Ин санад иҷоза медиҳад, ки ба арзиши то 350 миллион доллар ба Украина кӯмакҳои низомӣ, аз ҷумла аслиҳаи зиддитонк, радарҳо, назорати ҳавопаймоҳои бесарнишин ва соири таҷҳизоти мухобиротӣ дода шавад.

XS
SM
MD
LG