Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мегӯяд, ки ба таҳримҳои Амрико ҷавоб медиҳад


Сергей Рябков

Сергей Рябков

Сергей Рябков-муовини вазири корҳои хориҷаи Русия 13 декабр гуфт, агар Вашингтон барои бӯҳрони Украина бар зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кунад, Маскав тадбирҳои ҷавобӣ хоҳад андешид.

Сенат ва Маҷлиси Намояндагони Амрико 11 декабр ба иттифоқи оро санади Ҳимоят аз озодии Украинаро ба тасвиб расонд ва он заминаро барои ҷорӣ кардани таҳримҳои нав ва кӯмаки низомӣ ба Киев барои мубориза бар зидди ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия фароҳам меорад. Ин санадро акнун бояд Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико имзо кунад.

Рябков ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки “албатта, мо онро беҷавоб гузошта наметавонем”.

Ин санад иҷоза медиҳад, ки ба арзиши то 350 миллион доллар ба Украина кӯмакҳои низомӣ, аз ҷумла аслиҳаи зиддитонк, радарҳо, назорати ҳавопаймоҳои бесарнишин ва соири таҷҳизоти мухобиротӣ дода шавад.

Намояндагони порламони Украина аз ин санад ба унвони “санади таърихӣ” ҷонибдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG