Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 сербтаборро барои ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам карданд


Додситонҳои Босния 15 сербтаборро ба эҳтимоли куштори бештар аз 150 мусулмон дар ҷангҳои Босния гунаҳгор медонанд.Дар эъломияе, ки 12 декабр нашр шуд, додситонҳо гуфтаанд, ки “ин яке аз бузургтарин иттиҳомот дар ҷинояҳои ҷангӣ дар минтақаи Прийедор” дар шимоли ғарби Босния мебошад.

Ба гуфтаи додситонҳо, ин афроди гумонбар мунтазам дар ҳамла ба мусулмонони Босния дар рустои Зечовӣ ширкат кардаанд. Гумонбарон барои “куштор, шиканҷа, таҷовуз ба номус ва ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла дуздӣ ва аз байн бурдани моликият гунаҳгор дониста мешаванд.

Ҳамаи гумонбарон, аз ҷумла афсарон, дар давоми ҳафтаҳои охир боздошт шудаанд. Дар ҷанги Босния дар солҳои 1992-1995 садҳо нафар сокинони рустои Зечовӣ ба боздоштгоҳҳо фиристода шуданд. Дар ҳамин минтақа дар гӯри дастаҷамъии Томашитса боқимондаи ҷасадҳои даҳҳо нафар пайдо шудааст. Ин бузургтарин гӯри дастаҷамъии кашфшуда аз ҷанги солҳои 1992-1995 мебошад.

XS
SM
MD
LG