Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Корманди боломақоми додгоҳи Афғонистон кушта шуд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки афроди мусаллаҳ дар Кобул як корманди боломақоми Додгоҳи Олии ин кишварро паррондаанд.

Толибон иддао кардаанд, ки масъулияти ин ҳмларо ба душ мегиранд ва онҳо субҳи 13 декабр Атиқуллоҳ Равуфӣ-сардори котиботи Додгоҳи Олиро ба қатл расондаанд.

Фарид Афзалӣ-раиси бахши расидагӣ ба ҷурму ҷиноёти пулиси Кобул гуфт, ки ин ҳамла дар наздикии хонаи Равуфӣ дар шимоли ғарби наздикии Кобул сурат гирифтааст. Тундравҳои Толибон чанд ҳафта пеш аз хуруҷи аксари нируҳои эътилофи байналмиллалӣ ҳамлаҳои худро бештар кардаанд.

XS
SM
MD
LG