Пайвандҳои дастрасӣ

Афсарҳои узбак дар мактабҳои низомии Русия таҳсил хоҳанд кард


Беш аз 3 ҳазор афсару кадетҳои Узбакистон соли оянда ба таҳсил дар донишгоҳу омӯзишгоҳҳои низомии Русия фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ як манбаъ дар вазорати дифои Узбакистон рӯзи 12 декабр хабар дод.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, баъд аз музокирот бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов дар Тошканд рӯзи 10 декабр гуфта буд, ки айни ҳол 12 ҳазор шаҳрвандони Узбакистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд. Ӯ афзуд, ки маҳз ҳамкорӣ дар бахши маориф метавонад равобити миёни ду кишварро тақвият диҳад.

Равобити миёни Узбакистону Русия солҳои ахир, ба вижа, баъд аз хуруҷи Тошканд аз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ сард шуда, Узбакистон ба ҳамкории наздиктар бо Амрикову Чин бартарӣ медод.

XS
SM
MD
LG