Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳияи филми мустанад дар бораи Ҷӯрабек Муродов


Дар вилояти Суғд доир ба зиндагиномаи ҳунарманди маъруф Ҷӯрабек Муродов филми мустанад ташти унвони “Ҳофизи миллат” иборат аз 14 қисмат омода шудааст ва дар назар аст авоили соли оянда пахш шавад. Ҷӯрабек Муродов ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки доир ба зиндагиномаи ва ҳаёти ҳунарию эҷодии ӯ як филми мустанади бо номи “Ҳофизи миллат” омода шудааст: “Ин филмро аслан фарзандонам Ҷонибек, Хусравбек ва Парвизбек таҳия кардаанд ва дар он сӯҳбатҳову сафарҳои ҳунарӣ, баргузории консертҳо дар гӯшаҳои Тоҷикистону ҷаҳон, мулоқотҳо бо чеҳраҳои маъруфи ҳунари ҷаҳон ҷой дода шудааст ва хулоса хизматҳои бандаро барои миллати азиз инъикос кардаанд.”

Филми мазкур пурра омода шудааст ва танҳо ҷо ба ҷо карда, титру сарлавҳаҳо мондааст, ки дар соли нав пахш хоҳад шуд ва ба шакли диск интишор дода хоҳад шуд. Ҷӯрабек Муродов бо таассуф гуфт, ки сабти таронаву сурудҳое, ки дар авохири солҳои 70-80-и қарни гузашта ва дар айни авҷи ҳунараш иҷро кардааст, ҳифз нашудаанд, вагарна дар филми мазкур ҷой дода мешуданд ва барои бинанда ҷолиб мебуд. Як қисмати муҳими филми мазкур сӯҳбатҳои тоза бо дӯстону ҳунармандоне, ки дар гузашта бо Ҷӯрабек Муродов ошноии наздик доштаанд, иборат аст. Ҳунарманди маъруфиҶӯрабек Муродов мегӯяд, ки филми мазкур дар соли нав тақдими мардуми Тоҷикистон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG