Пайвандҳои дастрасӣ

Миллионҳо тан аз пайравони мазҳбаи шиа аз саросари ҷаҳон роҳии Карбалои Ироқ шудаанд, то дар маросими "арбаъин" (чиҳилумин рӯзи шаҳодати ҳазрати Ҳусайн) ширкат намоянд.

Қарор аст дар маросими баргузории арбаъин (чиҳилумин рӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн -- имоми савуми шиаиён) дар шаҳри Карбалои Ироқ ҳудуди 17 миллион нафар ширкат намоянд.

"Арбаъини ҳусайнӣ" маросиме аст, ки чиҳилумин рӯзи баъд аз кушта шудани имоми савуми шиаиён дар саҳрои Карбало ҳамасола баргузор мешавад ва яке аз пуриздиҳомтарин маросими динии исломӣ аст, ки ба шиаҳо тааллуқ дорад.

Мақомҳои ироқӣ мегӯянд, беш аз 17 миллион зоири шиа барои ширкат дар маросими чиҳилумин рӯзи кушта шудани имоми савуми шиаиён аз саросари ҷаҳон дар Карбало ҷамъ меоянд, ки ин теъдод дар гузашта бесобиқа будааст. Хабаргузории Франс-пресс мегӯяд, чаҳору ним миллион нафар аз ин зоирон аз 60 кишвари мухаталиф ва 13 миллиони онҳо аз худи Ироқ ҳастанд.

Шаҳри Карбало дар 70 километрии Бағдод --пойтахти Ироқ қарор дорад ва ба мисли Наҷаф, ки оромгоҳи ҳазрати Алӣ --домоди паёмбар Муҳаммад(с) дар он қарор дорад, ва шаҳрҳои Қум ва Машҳад дар Эрон, миёни пайравони мазҳаби шиа аз маконати зиёд бархӯрдор аст.

Ҳаракати корвони миллионии зоирони шиа ба сӯи Карбало дар ҳолест, ки имрӯз дар ин шаҳр чанд таркиш рух дод ва тибқи тозатарин хабарҳо, як нафар кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд. Расонаҳои хабарии ҷаҳон мегӯянд, ки мушакҳои партобшуда аз гӯшаҳои шаҳр, дар наздикиҳои ҳарами Имом Ҳусайн афтодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG