Пайвандҳои дастрасӣ

Порошенко: Бори аввал дар Донбасс ягон сарбоз кушта нашудааст


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 12 декабр изҳор намуд, ки барои нахустин бор аз шурӯи ҷанг дар шарқи Украина дар ин минтақа ягон сарбози украинӣ кушта ваё маҷрӯҳ нашудааст. Раҳбари Украина, ки бо як сафари расмӣ дар Австралия қарор дорад, ба хабарнигорон гуфт, “бори аввал дар ҳафт моҳ дар Украина оташбаси воқеъӣ сабт шуд”.

Шурӯъ аз 9 декабр дар Донбасс бо миёнаравии Созмони амният ва ҳаморӣ дар Аврупо “режими сукут” ҷорӣ шудааст. Дар ҷараёни низоъ дар шарқи Украина беш аз 4 ҳазор нафар кушта шуданд, беш аз як миллион нафар минтақаро тарк намуданд.

Як рӯз пеш Петро Порошенко дар нишасти хабарии муштарак бо нахуствазири Австралия Тонӣ Эббот аз Русия хост, ки нерӯҳояшро аз Украина берун кунад ва марзи миёни ду кишварро бандад. Ӯ афзуд, “ман ваъда медиҳам, ки дар сурати бастани марз аз тарафи шумо тайи як, ду ё се ҳафта дар Украина сулҳу субот барқарор мешавад”.

Украина ва кишварҳои ғарбӣ Русияро дар сармоягузорӣ ва тамрини низомии ҷудоихоҳон дар шарқи Украина айбдор мехонанд. Маскав ин иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG