Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибдорони Имрон Хон дар Қарочӣ даст ба эътироз заданд


Ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон, ки ба он собиқ бозигари маъруфи крекет Имрон Хон раҳбарӣ мекунад, рӯзи 12 декабр дар 24 мавзеи шаҳри бандарии Қарочӣ намоишҳои эътирозӣ доир кард.

Эътирозгарон бо сӯзонидани баллонҳо роҳҳои асосии шаҳрро бастанд, занону кӯдакон даст ба “эътирози нишаста” заданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, муассисаҳои ҳукуматӣ, мактабу бонкҳо кор мекунанд, аммо аксари муассисаву ширкат ва фурӯшгоҳҳои шахсӣ баста шудаанд.

Ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон тафтиши қонуншиканиҳои эҳтимолӣ дар интихоботи парлумонии соли 2013-ро талаб дорад – дар он маъракаи сиёсӣ ҳизби нахуствазири феълӣ Навоз Шариф пирӯз эълон шуд.

Имрон Хон рӯзи 30 ноябр эълом дошт, ки ҳизбаш дар Файсалобод, Лоҳур ва Қарочӣ намоишҳои эътирозии осоишта доир мекунад ва ин шаҳрҳоро "барои як рӯз комилан мебандад”. Аз ин пеш эътирозҳо дар шаҳри Файсалобод ба задухӯрди миёни тазоҳургарон ва полис печида буданд.

XS
SM
MD
LG