Пайвандҳои дастрасӣ

Қурби рубли русӣ дар баробари доллару евро пойин меравад


Қурби рубли русӣ дар баробари доллар ва евро боз ҳам пойин рафт. Дар ҷараёни хариду фурӯш дар Биржаи саҳҳоми Маскав рӯзи 12 декабр қурби як доллар то тақрибан 57 рубл ва як евро то 70 рубл афзоиш ёфт.

Шурӯъ аз моҳи январ рубли русӣ беш аз 40 дар сади арзиши худро аз даст додааст.

Бонки марказии Русия рӯзи ҷумъа хабар дод, ки ба хотири эътидоли қурби рубл рӯзи 10 декабр 206 миллион долларро ба фурӯш баровард. Масъулини ин бонк мегӯянд, ки то охири сол ба сабаби коҳиши қурби рубл сатҳи таваррум ва ё инфлятсия дар кишвар ба 10 дар сад мерасад.

Пойинрафти қурби рубл ва аз рушд бозмондани иқтисодии Русия бо таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав ва коҳиши қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ рабт дода мешавад.

XS
SM
MD
LG