Пайвандҳои дастрасӣ

Обама зарурати таҳримҳои нав алайҳи Русияро зери шубҳа бурд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, зарурати таҳримҳои нав алайҳи Русия барои дахолаташ ба умури Украинаро зери шубҳа бурд ва гуфт, ки ин таҳримҳо шояд боиси тафриқа миёни Амрико ва Аврупо шаванд. Дар мулоқот бо аъзои Конгресс рӯзи панҷшанбе раҳбари Амрико гуфт, сиёсати феълие, ки Амрикову Аврупо муштаракан роҳандозӣ кардаанд, дар ниҳоят раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро барои бознигарии таҷовузаш ба шарқи Украина маҷбур хоҳанд кард. Ба гуфтаи Обама, “андешае, ки агар мо таҳримҳоро пайваста тақвият диҳем, Путин мавқеяшро дигар хоҳад кард, ғалат аст”.

Аз нигоҳи президенти ИМА, Владимир Путин тасмими худро фақат дар ҳоле бознигарӣ хоҳад кард, ки агар Амрико ва Амрико муддати тулонӣ ҳамроҳ бимонанд. Обама гуфт, агар Русия бинад, ки миёни Амрикову Аврупо шикофе нест, бо гузашти вақт дарк хоҳад кард – рушди иқтисод аз ҳама гуна бартарии стратегӣ авлотар аст.

XS
SM
MD
LG