Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аврупо барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи ядроӣ пул ҷудо кард


Иттиҳодияи Аврупо ба хотири пешгирӣ аз қочоқи маводи радиатсионӣ, ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1,5 миллион евро кӯмак хоҳад кард. Иттиҳодияи Аврупо дар доираи барномаи “Мусоидат ба сулҳу субот” -- тарҳи дарозмӯҳлат ба хотири пешгирӣ аз қочоқи маводи радиатсионӣ, дар 6 нуқтаи марзии Тоҷикистон якуним миллион евро маблағгузорӣ хоҳад кард.

Дафтари матбуоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 12 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи радиатсионӣ дар марзҳои Тоҷикистон, ба вижа дар Роҳи Оҳан ва шоҳроҳҳо, шаш монитори сайёри радиатсионӣ насб карда хоҳад шуд. Тавассути ин мониторҳо қочоқи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ ва интиқоли ғайриқонунии онҳо ошкор, карда мешавад.

Иттиҳодияи Аврупо дар ин росто як озмоишгоҳи сайёри муҷаҳҳаз бо асбобҳои дақиқ барои андозагирӣ ва таҳлили моддаҳои радиоактивиро низ ба ихтиёри Тоҷикистон хоҳад гузошт. Озмоишгоҳи мазкур дар сатҳи минтақавӣ ба кор бурда шуда, ба коршиносон дар масъалаи таҳқиқи моддаҳои радиоактивии кӯмак хоҳад кард.

Мутобиқи тарҳи мазкур, мониторҳо дастгоҳҳио сайёри назоратӣ, ба Оҷонсии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Тоҷикистон дода мешавад, ки сипас барои истифода дар ихтиёри Хадамоти гумрук ва Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон қарор хоҳанд гирифт.

Аз рӯи натиҷаҳои озмуне, ки дар доираи ин лоиҳа эълон гардид, 1 декабр Комиссияи Аврупо ва ширкати ғолиб - таҳвилгар барои гирифтанаи таҷҳизоти номбурда (бо арзиши 1,5 млн. евро) қарордод ба имзо расониданд. Насб ва ба кор андохтани таҷҳизот, аз ҷумла дарсҳои омӯзишӣ (тренинг) як сол давом мекунанд.

Ба ин муносибати оид ба кушоиши ин тарҳ рӯзи 2 декабр муқоқоти нахустини намояндагони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Оҷонсии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо ходимони намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, Маркази тадқиқотии Иттиҳодияи Аврупо, ширкати “Полимастер” ва Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Мутаҳидаи Амрико баргузор шудааст. Аз чаҳор сол ба ин тараф Иттиҳодияи Аврупо дар ин бахш бо Тоҷикистон ҳамкории худро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG