Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд


Бонки Марказии Русия мизони бозтамвилро як дар сад боло бурд ва ба 10,5 фоиз расонд, то аз идомаи беқурбшавии рубл пешгирӣ кунад ва монеъи болоравии босуръати нархҳо дар кишвар шавад. Баъди эълони боло бурдани мизони бозтамвил, ки дар камтар аз ду моҳ пеш низ якуним дар сад боло бурданд, қурби рубли русӣ боз ҳам поён рафт. Рубли русӣ аз моҳи январ то кунун 40 дар сади арзиши худро аз даст дод ва рӯзи 11-уми декабр як долларро дар ивази бештар аз 55 рубл табдил мекарданд. Як евро баробар ба 68 рублу 98 тин шуд. Ба гуфтаи Бонки Марказии Русия, то охири соли равон, ба сабаби поин омадани қурби рубл, сатҳи таваррум ва ё инфлятсия дар Русия ба 10 дар сад мерасад ва рушди иқтисодӣ низ то соли 2016 суст мешавад. Таҳримоти Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба зидди Русия бинобар амалкардҳояш дар Украина ва поин омадани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба иқтисоди Русия зарбаи сахт задааст.

XS
SM
MD
LG