Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уқёнусҳо пур аз партоби пластикӣ шудаанд


Як таҳқиқи донишмандон нишон додааст, ки дар саросари уқёнусҳои ҷаҳон 270 ҳазор тонна ашёи пластикӣ шино мекунанд. Пажӯҳиши нав дар бораи ин гуна партоби зиёновар барои муҳити зист рӯзи 10-уми декабр нашр шуд ва онро муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи Гайрус дар Лос Анҷелесb Амрико анҷом додаанд. Онҳо мегӯянд, ки барои ин пажӯҳиш дар зарфи 6 соли гузашта 26 дафъа бо киштӣ саросари уқёнусҳоро давр задаанд. Наваду ду дар сади ин партобҳо, пораҳои зарфу дигар ашёи пластикӣ будааст, ки ё офтобу боду борон ва наҳангҳо хоида хурд кардаанд.

XS
SM
MD
LG