Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко аз Русия хост, ба ҷудоихоҳон кӯмак накунад


Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, аз давлати Русия хост, кӯмак ба ҷудоихоҳон дар шарқи кишварашро бас кунад ва ҳаргуна нерӯҳояшро дар онҷоро аз хоки Украина берун кашад. Порошенко ҳамчунин аз Русия хост, марзи байни ду кишварро банданд, чун ба гуфтаи ӯ, дар ин сурат "сулҳу оромӣ дар чанд ҳафта ба Украина бармегардад." Давлати Русия мегӯяд, ки дар муноқишаҳои шарқи Украина даст надорад. Петро Порошенко дар ин бора рӯзи 11-уми декабр зимни сафараш дар Австралия сухан гуфт. Тони Элбот, нахуствазири Австралия, ки ҳамроҳ бо Порошенко сӯҳбат мекард, гуфт, ки Австралия «бо Украинаи озод ҳамраъйии амиқ дорад». Ду рӯз пеш аз ин нерӯҳои Украина ва Русия баъди эълони як "рӯзи сокит" ва бас кардани муноқиша дигарбора бо ҳам ҷангиданд. Ҳукумати Украина гуфтааст, то замоне, ки ҷудоихоҳон ҷангро бас накунанд, музокироти сулҳ сурат намегирад.

XS
SM
MD
LG