Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин бо Нарендра Моди дар Ҳинд мулоқот мекунад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки дар дохилу хориҷ аз кишвараш ба мушкилоти иқтисодиву сиёсӣ гирифтор аст, рӯзи 11 декабр бо раҳбарони Ҳинд мулоқот мекунад. Интизор меравад аз сафари ӯ ба Деҳлӣ чанд қарордоди дуҷониба дар бораи тавлиди нерӯи барқи атомӣ ва фурӯши силоҳ ба Ҳинд ҳосил шавад. Владимир Путин ва нахуствазири Ҳинд Нарендра Моди, дар мулоқоти солонаи сарони ду кишвар масоили табодули молу ҳамкориҳо дар соҳаи энержиро баррасӣ мекунанд. Владимир Путин, муносиботи Русияву Ҳиндро "шарикии хоси стротегӣ" номид ва гуфт, ки бунёди чанд нерӯгоҳи нави барқи атомӣ ва фурӯши аслиҳаи русӣ ба Ҳинд аз ҳадафҳои аслии сафараш ба Ҳинд аст. Путин дар ин бора бо расонаҳои Ҳиндӣ сӯҳбат кардааст. Русияву Ҳинд аз замони шӯравӣ муносибати дӯстона доранд, вале табодули мол миёни ду кишвар соли 2013 танҳо 10 миллиард долларро ташкил додааст ва ба гуфтаи таҳлилгарон, аз ин сафар эҳтимолан таконе дар ҳамкориҳо ба вуҷуд намеояд.

XS
SM
MD
LG