Пайвандҳои дастрасӣ

Пентагон дар Афғонистон зиндон надорад


Вазорати дифои Амрико гуфт, ки баъд аз як даҳсола ҷанг дар Афғонистон дигар дар ин кишвар ҳеҷ гуна зиндонро дар ихтиёр надорад. Сухангӯи Пентагон шоми 10-уми декабр гуфт, ки се бандии охирини боздоштгоҳи Багромро раҳо кардаанд. Ду бандии дигар аз ҷумла Ризо ал-Наҷҷорро ба ихтиёри нерӯҳои Афғонистон додаанд ва саввумӣ, ки хатарнок ҳисоб намешавад, қасд дорад, ба кишвари дигаре биравад. Бар тибқи гузориши Кумитаи иттилооти сенати Амрико, Ал-Наҷҷор соли 2002 аз тарафи маъмурони амниятии Амрико мавриди бозпурсии дурушт қарор гирифтааст. Сухангӯи Пентагон гуфт, ки вазорати дифои Амрико дигар масъулияти посбонии ягон зиндон дар Афғонистонро надорад ва ҳамаи онҳоро дар ихтиёри нерӯҳои миллии ин кишвар гузоштааст. Аввали имсол Амрико нигарон буд, ки баъди ба дасти нерӯҳои афғон гузаштани зиндонҳо, ҷангҷӯёни Толиб раҳо мешаванд ва дигарбора ба майдони ҷанг алайҳи нерӯҳои хориҷӣ бармегарданд.

XS
SM
MD
LG