Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз "Сангтуда 1" афзоиш ёфт


Маъмурияти Неругоҳи обию барқии Сангтуда 1 мегӯяд, ки дар фасли зимистон мизони қарзи ширкати Барқи тоҷик афзоиш ёфта аз 415 миллиону 70 ҳазор ба 427 миллиону 600 ҳазор сомонӣ расидааст.

Дафтари матбуоти Неругоҳи обию барқии Сангтуда 1 имруз 11 декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки феълан ҳаҷми қарзи ширкати Барқи тоҷик,ҳамчун харидори ягонаи барқи Сангтуда1 ба 427 миллиону 600 ҳазор сомонӣ расидааст.

Ин рақам дар нисбати ба панҷ моҳ қабл,ки ҳудуди 415 миллион сомонӣ буд 28 миллион сомонӣ бештар аст

Дафтари матбуоти Неругоҳи обию барқии Сангтуда 1 мегуяд натиҷаи ҳармоҳаи вазъи қарздории барқи Тоҷик дар сомонаи расмии неругоҳ зикр карда мешавад.

Дар фасли тобистон бо бештар шудани имкони пардохти пули барқ, ин ширкат тавонистааст қарзҳои худро дар назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 коҳиш диҳад.

Нозирҷон Ёдгорӣ масъули Дафтари матуботи ширкати Барқи тоҷик дар робита ба ин масъала ба радиои Озодӣ гуфт, ки масъалаи баргардонии қарзи Сангтуда 1 ҳамеша дар мадди назари ин ширкат хоҳад буд. Вай гуфт, ки маблағи баргардонии ҷарзи Сангтуда 1 ба ҳаҷми истеҳсоли барқ вобастаас. Ҳар қадар мизони об дар дарёҳо бештар шаваду неруи барқ истеҳсол шавад ба фуруш хоҳад рафт ва пули Сангтуда 1 пардохта хоҳад шуд.

Панҷ моҳ қабл аз авоили моҳи август то сентябр Ширкати Барқи тоҷик тавонистааст ҳудуди 2 миллион сомонӣ қарзи "Сангтӯда1"- ро пардозад. Агар дар авоили моҳи июл қарз дар назди Сангтӯда-1 ба 418 миллиону 70 ҳазор сомонӣ баробар буд, то авоили моҳи агусти соли равон ба 417 миллион сомони кам карда шуд ва аз он давра то авоили моҳи сентябр ба 415 миллиону 70 ҳазор сомони расонида шуда буд.

XS
SM
MD
LG