Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳадиса Қурбонова ба Туркия фирор накардааст”


Ҳадиса Қурбонова ва наберааш Маъруф дар Анталия
Ҳадиса Қурбонова ва наберааш Маъруф дар Анталия

Маъруф Маҳмудов, набераи Шоираи Халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова, овозаҳо дар бораи ба Туркия фирор кардани модаркалонашро рад кард.

Бархе аз сомонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки Ҳадиса Қурбонова баъди як изҳороти тунди Шоири Халқии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон Низом Қосим дар бораи шикояташ аз болои шоира ба Кумитаи амнияти миллӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон пойтахтро тарк намудааст. Низом Қосим қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ муроҷиаташ ба ниҳодҳои қудративу тафтишотиро бо он марбут карда буд, ки Ҳадиса гӯё ӯ ва аъзои дигари Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро дар ришват ва фурӯхтани ин ҷоизаи бонуфуз айбдор кардааст.

Маъруф Маҳмудов, ки рӯзи 10 декабр бо Радиои Озодӣ аз Анталияи Туркия телефонӣ сӯҳбат мекард, овозаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи аз Душанбе гурехтани модаркалонашро бепояву бунёд номид. "Ман худам ӯро рӯзи 27 ноябр ба Анталия ба Туркия даъват кардам, то ки дар ин ҷо истироҳат кунад ва баъдан ҳамроҳ ба Ватан баргардем. Бибиям ҳамин ҳол дар канори ман аст ва мо баъд аз чанд лаҳза ба соҳили баҳр меравем”.

Низом Қосим
Низом Қосим

Маъруф афзуд, ки мехоҳанд баҳс дар бораи эътои ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ аз роҳи оштиву “зиёиёна” ҳал шавад, аммо дар сурати пойфишории Низом Қосим “мо ҳам ба Кумитаи амнияти миллӣ ва Додситонии кулл муроҷиат мекунем ва талаб мекунем, то мавзӯи, иқтибос меоварам,“фурӯши ҳар гуна унвонҳо барои шоирони мо аз тариқи додани ришват”-ро ҳам тафтиш кунанд”. Агар зарур шавад, мегӯяд Маъруф, омодаем, ки барои тафтиши ин қазия ариза нависем.

Ӯ мутмаин аст, ки шоира Ҳадиса касеро таҳқир накардааст ва фақат фикру андешаи худро гуфтааст. «Азбаски Тоҷикистон кишвари дунявию демократист, аз нигоҳи ман барои ибрози назар касро набояд ба додгоҳ кашид. Модаркалони ман шарафи касеро паст назадааст, ӯ фақат назари худро дар бораи чизе баён кардааст, ки худ шоҳидаш буд”, гуфт Маъруф Маҳмудов. Маъруф меафзояд, ки, баръакс, Низом Қосим бо чопи чанд матлаб дар рӯзномаи "Имрӯз Нюз" дар ҳаққи шоира Ҳадиса Қурбонова ҳарфҳои носазо ва ҳатто таҳқиромез гуфтааст. Ҳадиса Қурбонова, муаллифи чандин достон ва дафтари шеър, чанд даҳсола боз узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон аст.

Набераи Ҳадиса афзуд, ки онҳо ба зудӣ ба Душанбе бармегарданд, зеро модаркалонаш бояд дар анҷумани Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ширкат кунад. Ин анҷуман баъд аз чанд рӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Зимнан, бино бар иттилои як манбаи Радиои Озодӣ, қарор аст, ки дар ҳамоиш номзадии Низом Қосим ба раҳбарии Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон пешбарӣ шавад.

Маъруф Маҳмудов 18 сол дорад ва донишҷӯи соли дуввуми Академияи ҷаҳонгардии Анталияи Туркия ва раиси кулли ширкати сайёҳии дар ИМА сабтиномшуда In Time LTD аст.

Баҳси эътои Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ҳудуди чаҳор моҳ пеш дар матбуоти маҳаллии Тоҷикистон шурӯъ шуд ва ҳукуматро водор сохт, ки барои тағйири Ойинномаи Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ тасмим бигирад. Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, волотарин ҷоизаи адабиву ҳунарии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин ҷоиза замони Шӯравӣ солона тақдим мешуд. Ҳоло дар ду сол як бор ва дар арафаи Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон дода мешавад. Маблағи ҷоиза 3000 доллар аст. Бархе аз адибон мегӯянд, ки ин ҷоиза на барои ягон "хизмат", балки бояд барои асари воқеан ҳам ҷолибу нотакрор ё "шоҳасар" супурда шавад.

То ҳанӯз маълум нест, ки шоир Низом Қосим воқеан ҳам ба Кумитаи амнияти миллӣ ва Додситонии кулл аз болои Ҳадиса Қурбонова шикоят бурдааст ё на.

XS
SM
MD
LG