Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Иттиҳод” -- нашрияи Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ба табъ расид


Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон мегуяд, ки нашрияи худ -- “Иттиҳод”ро, ки мувақатан аз чоп монда буд, дубора нашр намуд. Гуфта мешавад, минбаъд он моҳе як бор ба табъ хоҳад расид. Абдуҳалим Ғаффоров -- расии Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон имруз 10 декабр гуфт, ки нашрияи ҳизбӣ бо номи “Иттиҳод” дар ҳаҷми 8 саҳифа ба нашр расидааст. Вай афзуд, ки нашрия дар рузи анҷумани ҳизб, ки якшанбеи оянда баргузор хоҳад шуд, ба вакилон тақдим хоҳад гашт. Дар сафҳаҳои “Иттиҳод” муроҷиатномаи раиси ҳизбро ба мардуми Тоҷикистон ва барномаи пешазинтихоботии ҳизб ҷой дода шуда, ҳамчунин як матлаб таҳти унвони “Олим шудан осон, одам шудан мушкил” ва як мақолаи дигар оид ба масъалаҳоии давлатдорӣ ва демократия дар Тоҷикистон ба нашр расидааст.

XS
SM
MD
LG