Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Мохнаткин ба 4,5 соли маҳбас маҳкум шуд


Сергей Мохнаткин
Сергей Мохнаткин

Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав рӯзи 10 декабр яке аз фаъолони мухолифини ҳукумати Русия Сергей Мохнаткинро барои хушунат алайҳи кормандони милиса дар ҷараёни як гирдиҳамоии ғайриқонунӣ дар майдони Триумфалная ба 4,5 соли маҳбаси низомаш шадид маҳкум кард.

Мохнаткин ҳамчунин мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифт, зеро барои шунидани ҳукм ба толори додгоҳ ҳозир нашуд. Аз ин пеш додгоҳ ӯро бо шарти тарк накардани макони зист раҳо карда буд.

Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, ҳангоми гирдиҳамоии “Стратегия-31" дар маркази Маскав Сергей Мохнаткин ба рӯи ду корманди милиса мушт зад ва онҳоро ҳақорат кард. Худи Мохнаткин инро рад мекунад ва парвандаро “тақаллубӣ” мехонад.

Панҷ сол пеш ҳам Сергей Мохнаткин дар ҳамин гуна ҳамоиши “Стратегия 31” ба корманди милиса ҳамла карда буд. Додгоҳ ӯро ба дуву ним соли маҳбас маҳкум кард ва моҳи апрели соли 2012 Мохнаткин аз сӯи раисиҷумҳури вақти Русия Дмитрий Медведев афв карда шуда буд.

Мухолифини ҳукумати Русия ва Иттиҳодияи ҳамрайъӣ бо маҳбусони сиёсӣ Сергей Мохнаткинро “маҳбуси сиёсӣ” меноманд.

XS
SM
MD
LG