Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев: Русия аз таҳримҳо даҳҳо миллион доллар зарар мебинад


Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия изҳор намуд, ки таҳримҳои Ғарб алаҳи кишвараш номуаассиранд ва нафъи касе нахоҳанд буд. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорони шабакаҳои бузурги телевизионии Русия рӯзи 10 декабр гуфт, ки “таҳримҳо тавони онро надоранд, ки ин ё он кишварро барои тағйири сиёсат водор созанд”.

Дмитрий Медведев иқрор кард, ки Русия аз таҳримҳои Ғарб даҳҳо миллион доллар зарар мебинад, аммо, ба гуфтаи ӯ, зиёни ширкатҳои амрикоиву аврупоӣ ҳам хело бузург аст. Кишварҳои ғарбӣ алайҳи бахшҳои гуногун ва афроди маъруфи Русия барои дахолати бевоситаашон ба умури Украина ва кӯмакашон ба ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи ин кишвар таҳримҳо ҷорӣ карданд.

Нахуствазири Русия пойин рафтани қурби рубл дар баробари евро ва долларро бо таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ва коҳиши қимати нафт марбут кард.Тайи чанд моҳи ахир қурби миллии Русия торафт пойин меравад ҳоло дар саррофиҳои Русия як доллар бо қимати 55 рубл ва як евро бо қимати 67,5 рубл фурӯхта мешавад.

Қарор аст, ки рӯзи 18 декабр нишасти хабарии солонаи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG