Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як мансабдор дар Чин ба ҳабси абад маҳкум шуд


Бо Силай дар боздоштгоҳ

Бо Силай дар боздоштгоҳ

Додгоҳе дар шимоли Чин рӯзи 10 декабр мансабдори воломақом Лю Тенанро бо иттиҳоми ришватситонӣ ба ҳабси абад маҳкум кард.

Тенан моҳи майи соли гузашта дар чаҳорчӯби маъракаи густурдаи зиддифасод, ки соли 2012 аз сӯи раҳбари кишвар Си Тзинпин шурӯъ шуд, аз мақоми муовини раиси Кумитаи давлатии рушду ислоҳот барканор шуда буд. Си Тзинпин эълом дошт, ки маъракаи поксозӣ ҳам “бабр”-ҳои воломақом ва на “магасҳо”-и соҳиби мақомҳои пойинро фаро хоҳад гирифт.

Ҳафтаи гузашта узви пешини Кумитаи марказии Бюрои Сиёии Ҳизби коммунисти Чин Чжоу Юнкан аз ҳизб ихроҷ ва боздошт шуд. Ӯ воломақомтарин мансабдори чиноист, ки дар фасод айбдор мешавад.

Соли гузашта сиёсатмадори маъруф Бо Силай аз рӯи се иттиҳом - фасод, ришватхорӣ ва сӯиистифода аз мақом ба ҳабси абад маҳкум шуд. Собиқ дабири кумитаи ҳизби коммунист дар шаҳри Чунтсин ва узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин моҳи марти соли 2012 аз мақому ҳизб ихроҷ ва аз мандати вакили парлумон маҳрум карда шуд. Ба иттилои расмӣ, Бо Силай аз роҳи ғайриқонунӣ чору ним миллион долларро ба ҷайби худ задааст.

XS
SM
MD
LG