Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 11 ситезаҷӯ дар амалиёти артиши Покистон


Бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои ҷангии Покистон ба мавқеъҳои ситазаҷӯён дар минтақаи қабиланишини воқеъ дар марзи Афғонистон 11 нафар кушта шуданд. Вазорати дифои кишвар 10 декабр хабар дод, ки аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ шоми 9 декабр дар мавзеъи Тираи ноҳияи Хайбар се пойгоҳи ҷангҷӯён тахриб карда шуд – дар ин ҷо шурӯъ аз моҳи сентябр амалиёти густурда алайҳи Толибони Покистон ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ идома дорад.

Низомиёни покистонӣ мегӯянд, ки ҳоло тақрибан 80 дар сади манотиқи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳ пок карда шудааст.

Дар ин ҳамлаҳо, ба иттилои Исломобод, 1100 ситезаҷӯ кушта шудааст, талафоти артиши кишвар тақрибан сад афсару сарбоз аст. Аммо манбаъҳои мустақилро инро накардаанд. Баъд аз шурӯи амалиёти артъиш тақрибан як миллион нафар аз сокинони маҳаллӣ манзилҳои худро тарк намуда, дар мавзеъҳои амн панаҳ бурданд.

XS
SM
MD
LG