Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Ироқ аз Амрико кӯмаки бештар хост


Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, аз Чак Ҳагел, вазири дифои Амрико, хостааст, дар муборизаи он кишвар бар зидди ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ бо танку тӯпхона ва ҳамлаҳои ҳавоии бештар кӯмак кунад. Дар оғози мулоқот бо Чак Ҳагел дар рӯзи 9-уми декабр, Ҳайдар Ибодӣ гуфт, “нерӯҳои ироқӣ пешравӣ мекунанд, вале онҳо ба ҳимояти ҳавоии бештару аслиҳаи вазнини бештар эҳтиёҷ доранд.” Чак Ҳагел баъди вурудаш ба Бағдод гуфт, ки Амрико бояд дар Ироқ нақше иҷро кунад, вале ин нақш танҳо кӯмак хоҳад буд. Вазири дифои Амрико, ки аз мақомаш ба зудӣ меравад, ба сарбозони амрикоӣ ва австралиягӣ дар Фурудгоҳи Байналмилалии Бағдод гуфт, Амрико ба нерӯҳои ироқӣ омӯзишу машварат медиҳад ва ба онҳо кӯмак мекунад. Аммо ба гуфтаи ӯ, барои пешрафти Ироқ, ҳукумати фарогире лозим аст, ки ҳамаи ироқиҳо дар атрофи он сарҷамъ шаванд.

XS
SM
MD
LG