Пайвандҳои дастрасӣ

Русия маҷрои газро барои Украина боз кард


Баъди ним сол Русия дигарбора интиқоли газро ба Украина шурӯъ кард. Дар ин бора Максим Белявский, раиси ширкати Укртрансгаз, рӯзи 9-уми декабр хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Украина бояд то охири ҳамин моҳ рӯзона тақрибан 43 миллиону 500 ҳазор метри мукааб гази табиӣ бигирад. Ширкати давлатии Газпром низ гуфт, ки баъди пешпардохти 378 миллион доллар барои 1 миллиард метри мукааб барои моҳи декабр, маҷрои газро барои Украина боз кардааст. Баъди сарнагун кардани Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқи Украина дар моҳи июн ва ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ба қаламраваш Русия интиқоли газ ба Украинаро қатъ кард. Газпром бо зикри қарзҳои чандмиллиардолларӣ, талаб кард, ки Украина пули гази табииро пешпардохт кунад. Рӯзи 30-уми октябр, Русия ва Украина бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо созишнома дар бораи аз сар гирифтани содироти газро имзо карданд.

XS
SM
MD
LG