Пайвандҳои дастрасӣ

Нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ арзонтар шуд


Қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ рӯзи 9-уми декабр ба ҳадде поён омад, ки дар 5 соли гузашта дида нашудааст. Қимати як бушка нафт дар ин рӯз 65 долларру 33 сентро ташкил дод, вале баъдтар андаке боло рафт. Баъди моҳи сентябри соли 2009 ингуна қиммат дар бозорҳои ҷаҳонии нафт дида нашудааст. Суст шудани рушди иқтисоди Чин ва дигар қудратҳои дар ҳоли зуҳур сабаби кам шудани талабот ба нафт ва поин омадани қиматҳо шудааст. Тасмими ОПЕК, кишварҳои аслии тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон дар бораи кам накардани тавлид, ба арзонтар шудани нафт мусоидат кард. Поин омадани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба иқтисоди Русия, ки як даромади аслиаш аз ҳисоби фурӯши нафт аст, зарбаи сахт зад.

XS
SM
MD
LG