Пайвандҳои дастрасӣ

Чак Ҳагел бо мақомоти Ироқ мулоқот мекунад


Чак Ҳагел, вазири дифои Амрико, бо як сафари аз пеш эълоннашуда вориди Бағдод, пойтахти Ироқ шуд. Зимни фуруди ҳавопаймои Чак Ҳагел дар фурудгоҳи Бағдод дар рӯзи 9-уми декабр чораҳои амниятӣ дар инҷоро тақвият бахшиданд. Баъди поён ёфтани маъмурияти ҷангии нерӯҳои Амрико дар соли 2011, бори аввал аст, ки вазири дифои Амрико ба Ироқ сафар мекунад. Қарор аст, Чак Ҳагел бо мақомоти Ироқ ва фармондеҳони нерӯҳои Амрико дар онҷо мулоқот кунад. Чак Ҳагел, рӯзи 8-уми декабр дар Кувайт гуфт, муборизаи нерӯҳои ироқӣ алайҳи ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ аз ҷумла ба шарофати ҳамлаҳои ҳавоии Амрико шиддат гирифтааст. Созмони мазкур тобистони имсол минтақаҳои бузурге дар шимоли Ироқ ва Сурияро ишғол кард. Чак Ҳагел, рӯзи 24-уми ноябр аз мақомаш истеъфо дод, вале то замони таъйид шудани ҷойгузини ӯ аз тарафи вакилони Амрико иҷрои вазифаашро идома медиҳад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико Эштон Картерро ба мақоми вазири дифо пешниҳод кардааст.

XS
SM
MD
LG